5 Ноябр 2026 - 10:39
Source: ABNA
Бақоӣ: Вазири хориҷии Олмон ҷонибдори шуниътарин ҷиноятҳои ҷангӣ аст

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвари мо навишт: Вазири хориҷии Олмон бо тасдиқи таҷовузи Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, худро то сатҳи ҷонибдори шуниътарин ҷиноятҳои ҷангӣ таназзул дод.

Ба гузориши хабаргузории Абно, Исмоил Бақоӣ дар вокуниш ба изҳороти вазири корҳои хориҷии Олмон дар ҷонибдории таҷовузи низомии Амрико ва режими сионистӣ алайҳи Эрон, дар саҳифаи шахсии худ навишт:

«Замоне Сарвазир Мертс бо ҳаяҷон эълон карда буд, ки Исроил бо ҳамла ба Эрон „кори чиркини моро анҷом медиҳад." Аммо танҳо чанд моҳ баъд, ҳамин сарвазир аз хароҷоти 100 миллиард европоии ин ҷанг барои иқтисоди Аврупо шикоят мекунад! Ҳоло вазири хориҷии ӯ ба ҷонибдории таҷовузи низомӣ алайҳи Эрон пардохтааст. Вай ба чунин беэътиноӣ ва заволи ахлоқӣ гирифтор шудааст, ки на ба хароҷоти инсонӣ ва ҷиноятҳои содиршуда таваҷҷуҳ дорад ва на зарарҳои иқтисодии онро барои кишвари худаш ва Аврупо дарк мекунад. Зарбулмасали олмонӣ тавсия медиҳад, ки „одам бояд аз зарар дарс гирад." Аммо „Ҳанси сарбаҳаво" аз онҳое нест, ки дарс мегиранд.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha